Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

30.07.2014  шаҳри Душанбе
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Аз пайвастагии муколамаи сиёсии ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки имсол дар баробари сафари кории Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия, табодули сафарҳои раисони палатаҳои парлумонҳо ба кишварҳои ҳамдигар, ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, анҷумани соҳибкорон, Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва мулоқотҳои зиёди дигар дар сатҳу зинаҳои гуногун баргузор шуданд. Барномаи навсозии муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тасвиби санади дигари ҳамкории дуҷониба доир ба содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи содиротӣ низ ояндаи наздик ба нуқтаи ниҳоии худ мерасад. Ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки то охири соли равон барои муҳокимаи ин ва дигар масоили ҳалталаб ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардад.
Доир ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илму техника ҳам гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ҳамчунин атрофи рӯзномаи ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳои аъзои ин созмон, ки аввалӣ пагоҳ ва дувумӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, табодули назар карда шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоишҳои мазкур ва натиҷаҳои онҳо ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар самти таҳкими амнияту субот дар қаламрави масъулияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нақши намоён хоҳанд гузошт.
Хотиррасон бояд намуд, ки имсол ҷаласаю ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамаи сатҳу зинаҳо таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад, зеро раисӣ дар ин созмон имсол бар души давлати мо аст.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла доир ба расондани кумакҳои техникӣ ба нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, зоҳир гардид.

www.president.tj