Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ҷашни фархундаи миллӣ – Иди истиқлоли кишвар ба ман имкони хуберо фароҳам меоварад, ки табрикоти самимии хеш, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Покистон расонам.
Тоҷикистон ва Покистонро пайвандҳои дерини таърихӣ ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ мепайванданд.
Солҳои охир самти покистонии сиёсати хориҷии мо фаъолтар гардида, ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар тадриҷан инкишоф ёфта истодаанд, ки боиси қаноатмандии мост.
Тоҷикистон нисбат ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳояш дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ хеле хушбин аст. Итминон дорем, ки бо саъю эҳтимоми ду ҷониб дар ояндаи наздик муносибатҳои дуҷонибаи мо шомили марҳалаи нави рушду тавсеа мегарданд. Кишвари мо барои расидан ба ин ҳадаф ҳама саъю кӯшишҳои лозимаро ба харҷ хоҳад дод.
Дар ин рӯзи саид ба Шумо Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу комёбӣ, ба кишвари дӯсти Покистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми бародари он саодату амонӣ орзумандам».