Оғози боздид аз вилояти Суғд

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ба вилояти Суғд сафар кард.
Тайи ин боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои базалтӣ, корхонаи тавлиди сангу шағал ва асфалт, корхонаи масолеҳи сохтмонии оҳану бетонӣ, як меҳмонхона ва як мактаби нав чанд иншооти варзишӣ ва биною муассисоти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабиниҳои бахшида ба арафаи солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок хоҳад дошт.