Ташрифи Ҳомид Карзай ба Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11 ва 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, шоми имрӯз вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Меҳмони олимақомро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СҲШ мақоми давлати нозирро дорост.