Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвар ва рушди ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Владимир Путин ба сатҳи омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамзамон аз афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли равон изҳори хушӣ кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия барои таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон минбаъд низ идомаи босамар хоҳад дошт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба тасвиб расондани созишномаи байниҳукуматӣ доир ба содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва танзими муҳоҷирати корӣ зоҳир гардид.
Аз рушди муваффақонаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда шуд.
Ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироии судбахши ду кишвар дар ин арсаҳо табодули назар сурат гирифт.

www.president.tj