Баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ дар рӯҳияи созанда

«Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар рӯҳияи созанда, ки хусусияти созмони мо аст, доир гардид», - таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти хеш ба матбуот пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд,ки дар ин саммит доир ба масоили марбут ба минтақа ва байналмилалӣ ба таври ошкоро табодули афкор сурат гирифт.