Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан

Бегоҳии дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки бо нахустин сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар қароргоҳи шаҳрии худ зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Хотиррасон бояд намуд, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ташриф овардааст.
Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали кишвари мо зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ҳамчунин ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи атрофи қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шинонда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон лаззат бурданд.
Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ хонум Пен Лиюан бо намоиши маҳсули ҳунарҳои зебои тоҷикӣ ба мисли гулдӯзию зардӯзӣ, заргарӣ ва ороишоти дигари миллӣ, ки атроф ва дохили қароргоҳро оро медиҳанд, ҳамчунин саршор аз фазои форами фарҳангӣ шуд.