Суханронӣ дар маросими бакорандозии мошини дуюми навбати аввал ва оғози сохтмони навбати дуюми Маркази гармию барқи «Душанбе - 2»

Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Си Тсинпин!
Дӯстони азиз!
Ҳамагӣ ҳашт моҳ қабл дар ин макон агрегати аввали навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Ва инак, имрӯз мо бо шарикони хитоии худ агрегати дуюми онро ба кор андохта, ба сохтмони навбати дуюми дорои иқтидори бештари ин иншоот ҳусни оғоз мебахшем.
Ин лоиҳа нишондиҳандаи сатҳи баланди шарикии бунёдкорона ва босуръат рушдёбандаи Тоҷикистону Хитой, аз ҷумла дар соҳаи энергетика мебошад.
Мо аз он аҳамияти хосае, ки Ҳукумати Хитой таҳти роҳбарии ҷаноби Раис ба масъалаҳои густариши ҳамкории ҳамаҷониба бо Тоҷикистони ҳамҷавор медиҳад, изҳори қадрдонӣ менамоем. Сухан аз ҳамкории ҳамаҷонибае меравад, ки дар ҷараёни густариши он Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимоду устувор муаррифӣ карда тавонист ва маҳз ҳамин омил аз бисёр ҷиҳат манфиатдории амиқи доираҳои соҳибкории Хитойро дар тавсеаи ҳузури худ дар бозори ояндадори Тоҷикистон ва роҳандозии шарикии миқёсан васеъ ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ду кишвар муайян менамояд. Дар таърихи ин шарикиву ҳамкориҳо аллакай як силсила лоиҳаҳои муҳимми муштарак амалӣ гардидаанд. Яке аз онҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» мебошад, ки иқтидори лоиҳавии навбати дуюми он ба сесад мегаватт баробар аст.
Мутобиқи нақша, навбати дуюм бояд баъди ду сол ба истифода супурда шавад. Шубҳае нест, ки ин кор дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба иҷро мерасад.
Миқдори гармие, ки баъди фаъол гардидани навбати дуюми иншоот истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти на фақат манзили сокинон ва муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ, балки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ комилан кифоя хоҳад буд.
Мавриди зикри хос аст, ки Маркази барқу гармидиҳӣ бо таҷҳизоти муосири технологӣ ва экологӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо ҳамин роҳ ҳифзи боэътимоди муҳити зист аз партовҳои зарарнок ва ифлосшавӣ таъмин карда мешавад.
Зиёда аз ин, хокистари ангиштсанг – ҳамчун партови истеҳсолӣ – бо иштироки ширкатҳои ватанӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон истифода мегардад.
Баъди пурра мавриди амал қарор додани Маркази барқу гармидиҳӣ садҳо нафар мутахассисоне, ки таҷрибаи пешрафтаи хитоиро дар бахши истеҳсолу идора азхуд кардаанд, соҳиби кор мешаванд.
Хулоса, сохтмону истифодаи Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» намунаи ҳамкории сатҳи муосиртарине мебошад, ки ба шарофати фаъолияти муваффақонаи Корпоратсияи соҳибноми хитоии «Тибиэй» имконпазир мегардад.
Дӯстони азиз!
Ҳалли мушкилоти вобаста ба камбуди доимии барқ дар мавсими сармои сол барои Тоҷикистон масъалаи ҳаётан муҳим аст. Зеро ин омили калидиест, ки рушди устувори кишвари моро маҳдуд месозад. Ба иллати ин омил ҳисороти иқтисодии Тоҷикистон, тақрибан се фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ин аст, ки дар сиёсати имрӯзаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими инфрасохтори энергетикии кишвар ҷойгоҳи махсус доранд.
Ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ яке аз се ҳадафи муҳимтарини Стратегияи миллии миёнамуҳлати рушди кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», ки бо мадади дӯстони хитоии мо сурат мегирад, дар ин ҷода боз як иқдоми муҳимме хоҳад буд.
Мехостам ба муҳандисон, бинокорон, барқчиён ва ҳамаи онҳое, ки дар раванди сохтмону фаъолияти ин иншоот ширакат мекунанд, барори кор ва саломатӣ орзу намоям.
Бигзор робитаҳои дӯстонаи мардумони Тоҷикистону Хитой пояндаву бардавом бошанд!