Барқияи табрикӣ ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳ Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Бародари гиромӣ, Аълоҳазрат
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Шуморо, Аълоҳазрат, ба муносибати фаро расидани иди миллӣ – Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимона табрику муборакбод намоям.
Бо истифода аз ин муносибати нек мехоҳам муҷаддадан аҳамияти муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямон ва халкҳои ба ҳам бародарамонро таъкид карда, омодагии худро барои ҳамкории бештар бо Шумо баҳри таҳким ва густариши ин муносибатҳо, ки ормонҳои муштараки моро барои расидан ба пештафту шукуфоии минбаъда таҷассум мекунанд, иброз намоям.
Ба Худованди мутаол дуогӯям, ки ба Аълоҳазрат, неъмати сиҳҳату офияти комилро арзонӣ дорад, Шуморо дар паноҳи Худ нигоҳ дорад ва қадамҳоятонро дар анҷоми аъмоли нек ба нафъи мардуми Шоҳигарӣ ва тамоми Уммати мусулмон устувор гардонад».