Овози тиллоӣ

«Овози тиллоӣ» аз зумраи лоиҳаҳои бузурги Шабакаи телевизионии «Баҳористон» маҳсуб мешавад, ки бо ташаббуси раёсати телевизион ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои наврас дар ҳунари овозхонӣ ва фароҳам овардани шароиту имконот барои ҷавонони болаёқат ҷиҳати намоиши маҳорати худ мебошад.

Дар озмуни аввал, ки шаҳри Душанбе мизбонии онро бар уҳда дошт, зиёда аз 700 нафар наврасони то синни 20 сола аз ноҳияҳои дуру наздики кишвар ширкат варзиданд. Пас аз гузаронидани давраҳои озмун ва натиҷаи баҳогузории доварон 10 нафар аз иштирокчиён ба пирӯзӣ ноил гардиданд. Дар солҳои баъд қарор шуд, ки даври аввали озмун дар минтақаҳо баргузор гардад. Ин амр боис шуд, ки теъдоди хоҳишмандон барои иштирок дар озмуни «Овози тиллоӣ» биафзояд. Аз ин рӯ, дар соли 2011 дар озмуни мазкур беш аз 1600 нафар наврасон ширкат варзида, 15 нафари онҳо ғолиби озмун эълон гардиданд ва дар соли 2012 низ аз миёни 800 нафар иштирокчӣ 12 нафар ба мақоми пирӯзӣ расиданд.

Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби муассисон ва сарпарастони озмун сарфароз мегарданд. Инчунин аз шумораи беҳтаринҳо роҳхати беимтиҳон дохил шудан ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода-ро ба даст меоваранд.