Гузоштани хишти аввали мактаби муосир дар ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Ҷиликӯл

Дар ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Ҷиликӯл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави муосир оғоз бахшида шуд, ки барои 640 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Тавре зикр гардид, ин мактаб тайи 1,5 соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдони футбол, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои ҳунаромӯзии духтарону писарон иборат хоҳад буд.