Сафари корӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Рустам ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.