Суханрониӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мо дар давоми сафари кории худ дар вилояти Хатлон бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, рӯзгору фаъолияти сокинони ҳимматбаланду заҳматкаши якчанд ноҳияҳои вилоят, инчунин бо ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ, иҷрои фармону амрҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, дастуру супоришҳои додашуда ва корҳои ободониву созандагӣ дар ин ноҳияҳо шинос гардидем. Ва итминон ҳосил кардем, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав тадриҷан тараққӣ карда, ба яке аз гӯшаҳои ободу зебои Ватани азизамон мубаддал гардидаанд.
Ҳамчунин боиси қаноатмандист, ки ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардидани ин ноҳияҳо тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат, азму талош, иқдомҳои ватандӯстона ва заҳмати софдилонаву пурмаҳсули сокинон бомаром идома доранд.
Хотирнишон кардан зарур аст, ки танҳо дар 10 соли охир барои рушди ноҳияи Шаҳритус аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷиҳати таҳкиму тавсеаи соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия зиёда аз 230 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, татбиқи 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба анҷом расидааст.
Умуман, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои таъмиру барқарорсозӣ ва бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, инчунин рушди соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 32 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.
Айни замон се лоиҳаи дигар барои рушди соҳаҳои маорифу кишоварзӣ амалӣ шуда истодааст.
Илова бар ин, дар доираи “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2014 – 2018” амалисозии 149 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 170 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тамоми тадбирҳое, ки ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ноҳия амалӣ карда мешаванд, пеш аз ҳама, барои ободонии ноҳия, дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ равона шудаанд.
Бонкҳои давлативу тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарздиҳӣ низ фаъолияти худро дар самти густариши фаъолияти соҳибкорӣ тавсеа бахшида, ҳаҷми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро аз 15 миллион сомонии соли 2004 то ба 62 миллион сомонӣ дар соли 2013 зиёд намудаанд.
Ҳоло тавассути “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” дар вилояти Хатлон 30 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ ба маблағи 19 миллион сомонӣ дар самти коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти чорво, истеҳсоли масолеҳи кишоварзиву сохтмонӣ маблағгузорӣ шуда истодааст.
Дар баробари ин, ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” супориш дода мешавад, ки ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолият ва баланд бардоштани сифати лоиҳаҳои маблағгузоришаванда бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва соҳибкорон тадбирҳои самарабахш андешад.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар ноҳия ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сарчашмаҳои нави даромади буҷет имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Бинобар ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати таъмини саривақтии нақшаи даромад, кам намудани бақияпулиҳои андоз, пардохти саривақтии маошу нафақа ва афзоиши манбаъҳои андозсупорӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Илова бар ин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ба рушди соҳаи саноати сабук ва хӯроквории ноҳия ва эҳёву густариш додани ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Ноҳияи Носири Хусрав яке аз ноҳияҳои ҷавонтарини кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати ободу зебо гардонидани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Аз давраи таъсиси ноҳия то ба имрӯз аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия қариб 100 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Мувофиқи маълумот танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷет ҷиҳати пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия 29 миллион сомонӣ, инчунин тавассути Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ барои пардохти нафақа дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ субвенсия равона карда шудааст.
Инчунин барои нигоҳдории роҳҳо 2 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашудаи вазорату идораҳо барои сохтмони иншооти ноҳия 7,5 миллион сомонӣ кӯмак расонида шудааст.
Бояд гуфт, ки барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳраки Баҳори ноҳияи Носири Хусрав аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ анҷом дода шудааст.
Ҳоло “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Носири Хусрав барои солҳои 2014-2018” мавриди татбиқ қарор дорад, ки тибқи он 121 лоиҳаи афзалиятнок ба маблағи 155 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Носири Хусравро зарур аст, ки ҷиҳати дарёфти манбаъҳои маблағгузории иловагӣ тадбирҳои судманд андешида, ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ ҷоннок намоянд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки истифодаи самараноки маблағҳои буҷет ва дигар сарчашмаҳои барои амалисозии барномаи рушди ноҳия пешбинигардида таъмин карда шавад.
Соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ барои сохтмони мактаби таҳсилоти асосии рақами 25 дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол, хона барои 12 оила дар шаҳраки Баҳор ва бунёди майдони варзишӣ бо 3000 ҷойи нишаст маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудааст.
Ҳамчунин барои солҳои 2015-2017 аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ барои ноҳияи Носири Хусрав қариб 4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари ин, дар қаламрави ноҳия дар доираи як қатор барномаҳои соҳавӣ як силсила корҳои ободонӣ идома доранд.
Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд Вазорати рушди иқтисод ва савдоро зарур аст, ки ҷараёни амалисозии лоиҳаву барномаҳоро дар кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Носири Хусрав мунтазам таҳлилу арзёбӣ намояд.
Ҳозирини арҷманд!
Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳритус дар ҳаҷми 86 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2012-ум 4,3 миллион сомонӣ кам мебошад. Чунин ҳолат асосан аз ҳисоби коҳиш ёфтани истеҳсоли нахи пахта ба амал омадааст.
Ин ҳолат имсол низ идома карда, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 46 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 фоиз кам мебошад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор бо дарназардошти талаботи маҳал тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсоливу коркарди маҳсулот чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Ҳоло дар маҷмӯъ аз 63 ҳазор нафар аҳолии қобили меҳнати ноҳияи Шаҳритус ҳамагӣ 32 ҳазор нафар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда, албатта, қонеъкунанда нест.
Тибқи маълумот соли гузашта дар ноҳия беш аз 1500 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки ин теъдод бо дарназардошти мунтазам зиёд шудани шумораи аҳолӣ кам аст.
Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Шаҳритусро зарур аст, ки ба масъалаи бозомӯзии кадрҳои маҳаллӣ, ба омӯзиши касбҳои ҷавобгӯи бозори меҳнат фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд.
Тавассути ба кор андохтани фондҳои асосӣ дар ҳафт соли охир ҳаҷми корҳои сохтмонӣ аз чор миллион сомонии соли 2007 то ба 12 миллион сомонӣ дар соли 2013 афзоиш ёфтааст.
Вале дар баробари ин, ҳоло 134 километр роҳҳои мошингард ва пулҳои дар тавозуни ноҳия қарордошта ба таъмиру навсозӣ эҳтиёҷ доранд.
Тибқи таҳлили мутахассисон барои таъмиру азнавсозӣ ва нигоҳдории роҳу пулҳои мавҷуда дар зарфи солҳои 2014-2018 қариб 43 миллион сомонӣ зарур мебошад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус супориш дода мешавад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингарду пулҳои мавҷуда тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2014-2018” ҷиҳати нигоҳдориву азнавсозӣ ва таъмири роҳу пулҳои маҳаллӣ татбиқи 9 лоиҳаи сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Яъне мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои мазкурро таъмин намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Соҳаи кишоварзӣ омили асосии иқтисодиёти ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав буда, дар рушди иқтисодиёти онҳо нақши аввалиндараҷа дорад. Зиёда аз ин, соҳаи кишоварзӣ барои аксари сокинони ноҳияҳо ҳамчун манбаи асосии даромад ва шуғли доимӣ ба ҳисоб рафта, аксарияти аҳолии қобили меҳнат дар он фаъолият менамояд.
Соли гузашта кишоварзони ноҳияи Шаҳритус ба маблағи 325 миллион сомонӣ ва ноҳияи Носири Хусрав ба қадри 178 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳафт соли пешин мутаносибан 31 фоиз ва 7 баробар зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои номбурда назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 4 ва 18 фоиз зиёд шудааст.
Вале кишоварзони ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав метавонанд бо истифода аз захираву имкониятҳои истифоданашуда ва шароити мусоиди мавҷуда натиҷаҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзиро боз ҳам беҳтар намоянд.
Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати ҷамъоварии пурраи ҳосил, аз ҷумла пахта, ташкили шудгори замин, беҳсозии имкониятҳои қарзгириву маблағгузории рушди соҳа, истифодаи тухмии баландсифат ва сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, захираи хӯроки чорво ва тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ дар ноҳияҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав якҷо бо сохтору идораҳои дахлдор барои зиёд намудани майдони кишти зироатҳои хӯроки чорво, хушзот намудани чорво дар хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи чорводорӣ, ҷудо кардани чарогоҳҳои иловагӣ, инчунин ворид намудани технологияи муосири коркарди маҳсулот мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав соҳаи боғу токпарварӣ рушд карда, дар панҷ соли охир дар масоҳати зиёда аз як ҳазору 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст.
Таъкид месозам, ки иқлими ноҳияҳо имконият медиҳад, то бозорҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ҳар сол бо меваи пешпаз ва сабзавоти гуногун таъмин карда шавад.
Вале афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар ин ноҳияҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда набуда, захираву имкониятҳо то ба ҳол пурра истифода намешаванд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳоро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ҷиҳати интихоби навъҳои пешпази дарахтони мевадиҳанда, зиёд намудани истеҳсоли ситрусиҳо, аз ҷумла лимӯ, таъминот бо оби полезӣ, инчунин барои ба минтақаҳои дигари кишвар дастрас намудани мева ва сабзавоту картошкаи барвақтӣ кумаки амалӣ расонанд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияҳои мазкур то ҳанӯз корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот бунёд нашуда, анборҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд надоранд, ки чунин вазъ сабаби талафёбии маҳсулот мегардад.
Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон ва баланд бардоштани даромаднокии соҳа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳоро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ҷиҳати васеъ ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ташкили анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар маҳалҳо чораҳои судмандро амалӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи чорабиниҳои беҳтар гардонидани шароити зисти аҳолӣ солҳои охир бо қарорҳои Ҳукумати кишвар барои оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи Шаҳритус 100 гектар ва барои сокинони ноҳияи Носири Хусрав 150 гектар замин ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст. Дар натиҷа ҳазорҳо нафар сокинони ноҳия соҳиби шароити истиқоматии беҳтар гардидаанд.
Дар баробари ин, як масъалаи дигарро зикр бояд кард, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ҳоло ҳам аз ҷониби масъулону мутахассисон ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дар бобати истифодаи самараноки замин бемасъулиятӣ мушоҳида мегардад.
Зимни сафари қаблиам моҳи июни соли 2008 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус вазифадор шуда буд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир чораҷӯӣ намоянд.
Дар натиҷаи беназоратии масъулон, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва шахсони алоҳида танҳо соли гузашта дар ноҳия бинобар корношоям шудани 45 фоизи пойгоҳҳои обкашӣ 760 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, чанд сол аст, ки қариб 3 ҳазору 300 гектар заминҳои корам ба заминҳои партов табдил ёфтаанд ва 1400 гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад.
Дар ноҳияи Носири Хусрав низ зиёда аз се ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дошта, майдони қариб чор ҳазору 850 гектар замин, аз ҷумла 3 ҳазору 900 гектар заминҳои обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд ва 740 гектар заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои зикршуда дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020 барои барқарорсозии 600 гектар замин ва дар доираи амалисозии марҳалаи дуюми лоиҳаи “Таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ” 18 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Азхуд намудани заминҳои нав ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо яке аз мушкилоти асосии соҳаи кишоварзӣ буда, ҳалли он барои зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҷойи кор таъмин шудани аҳолӣ аҳаммияти хоса дорад.
Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати таъмиру барқарор намудани пойгоҳҳои обкашии ҳудуди ноҳия, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои обӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, масъулини соҳа ва хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки бо истифода аз иқлими мусоиди ноҳия ҷиҳати дар гармхонаҳои доимӣ васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли сабзавоту полезӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ намоянд.
Ман дар ҳамаи ҷаласаву мулоқотҳо таъкид менамоям, ки ба масъалаи баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи тухмии хушсифат, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои холимондаву партов, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғу токзор ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, инчунин васеъ ба роҳ мондани кишти барвақтиву такрорӣ аҳаммияти зарурӣ дода шавад.
Ҳамзамон бо ин, масъалаи ҳалталаби кишоварзони ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав норасоии техникаҳои соҳаи кишоварзӣ буда, то ба имрӯз талаботи хоҷагиҳо танҳо аз 3 то 64 фоиз таъмин гардидааст.
Таъкид менамоям, ки дар чунин вазъ ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ва пешбурди фаъолияти интенсивии соҳа ғайриимкон аст.
Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг»-ро зарур аст, ки ҷиҳати ба кишоварзони ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав пешниҳод намудани техникаи кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳоро зарур аст, ки якҷо бо соҳибкорони маҳаллӣ ва роҳбарони хоҷагиҳо доир ба зиёд намудани воридоти техникаи кишоварзӣ барои хоҷагиҳои эҳтиёҷманд чораҷӯӣ намоянд.
Ва ниҳоят масъалае, ки ба андешаи ман ҳалли таъхирнопазирро тақозо менамояд, дар ноҳияи Носири Хусрав то ҳол мавҷуд набудани бозор мебошад.
Маҳз аз сабаби набудани бозор сокинони ноҳия барои хариди амволу маводи хӯрока ба ноҳияҳои ҳамсоя ва маркази вилоят мераванд, ки ин мушкилоти онҳоро дучанд мегардонад.
Вобаста ба ин, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Носири Хусрав вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати дар маркази ноҳия сохтани бозори замонавӣ чораҳои дахлдор андешанд.
Ҳозирини арҷманд!
Ҳукумати кишвар ба хотири беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон ва ба камол расонидани ворисони сазовори халқу давлат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар натиҷаи ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва амалисозии ислоҳоти соҳаи маориф вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Вале бояд гуфт, ки то ба ҳол дар соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритус баъзе масъалаҳои ҳалталаб мавҷуд мебошанд.
Ман ҳанӯз 5 сол қабл супориш дода будам, ки ҷиҳати дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони бинои 5 мактаби ноҳияи Шаҳритус, ки дар ҳолати нотамом қарор доранд, чораҷӯӣ карда шавад. Вале тибқи маълумот биноҳои нотамоми 4 муассисаи таълимии сохтмонашон тӯлкашида то ҳанӯз ба анҷом нарасидаанд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои додашуда ва рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешиданд.
Соли 1996 дар ноҳияи Носири Хусрав ҳамагӣ 17 муассисаи таълимӣ амал мекард, ки 8 адади он дар вагону бошишгоҳҳои саҳроӣ ва хонаҳои шахсӣ ҷойгир буд.
Айни замон шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 25 ва кӯдакистонҳо ба 4 адад расида, дар онҳо 8 ҳазор нафар фарзандони сокинони ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Тӯли ҳафт соли охир дар ноҳия ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ 5 мактаби нав ва якчанд синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар идомаи ин раванд мо имрӯз барои бунёди мактаби нави таҳсилоти умумӣ бо 640 ҷойи нишаст дар ду баст дар деҳаи Баҳор санги асос гузошта, итминони комил дорем, ки ин муассисаи таълимӣ дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд сохта мешавад.
Дар иртибот ба ин, хотирнишон месозам, ки сол то сол масъулияти падару модарон дар масъалаи таълиму тарбияи фарзанд афзуда истодааст, ки ин раванд, бешубҳа, қобили дастгирӣ буда, ҷиҳати ба камол расонидани ворисони худогоҳу ояндадори миллат мусоидат менамояд.
Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки вазъи кунунии соҳаи маорифи ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусравро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳо, алалхусус таъмини мактабҳои ноҳия бо омӯзгорон, китобҳои дарсӣ ва компютеру дигар ҷиҳози хониш чораҳои мушаххас андешад.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифадор аст, ки нақшаи таъмири варзишгоҳи ноҳияи Шаҳритусро баррасӣ намуда, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то охири соли 2015 ҷиҳати таъмир ва бо лавозимоти варзишӣ таъмин кардани он тадбирҳои зарурӣ андешад.
Давлату Ҳукумати кишвар солимии шаҳрвандонро масъалаи аввалиндараҷа дониста, ҷиҳати боло бурдани сатҳи касбияти табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ тадбирҳои муассир андешида истодааст.
Бо вуҷуди рушди мунтазами соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳритус ҳоло танҳо 24 фоизи аҳолӣ ба оби ошомидании мутамарказ дастрасӣ дошта, 76 фоизи сокинон аз ҳар гуна обҳои рӯизаминӣ истифода мебарад.
Бинобар ин, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, таъминоти беморхонаҳои ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ, таҷҳизоти муосири ташхису табобат ва маводи доруворӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи роҳбарон ва шахсони масъулро тақозо мекунад, ҳифзи ёдгориҳои таърихии ноҳияи Шаҳритус мебошад. Дар қаламрави ноҳия ёдгориҳои таърихии «Хоҷа Машҳад», «Хоҷа Дурбод», «Хоҷа Сарбоз», «Хоҷа Ғоиб» ва чандин зиёратгоҳҳо мавҷуданд, ки таҷассумгари фарҳангу тамаддуни аҷдодамон буда, дар замонҳои куҳан бунёд карда шудаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре хабар доред, чанде пештар бо ширкати фаъолонаи мардуми кишварамон чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷашнҳои милливу давлатӣ баргузор гардида, сокинони мамлакатамон барои ободу зебо гардонидани гӯшаҳои диёрамон бисёр иқдомҳои созандаро анҷом доданд ва ба ҷаҳониён фарҳанги қадимаи меҳмондории тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.
Итминон дорам, ки ба истиқболи шоистаи ҷашнҳои 20 - солагии қабули Конститутсия ва Суруди миллии давлати соҳибистиқлоламон низ ташаббусҳои созандаи сокинони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ идома пайдо мекунанд.
Дар ин раванд, ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари амалӣ намудани тадбирҳои ободонӣ, ба таълиму тарбияи фарзандон, яъне насли босаводу соҳибмаърифат ва ояндасоз аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намоем.
Бовар дорам, ки ҳар як падару модар ва умуман аҳли ҷомеа ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи қонунҳо “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” саҳми худро дареғ намедоранд.
Зеро гузашти вақт нишон дод, ки воқеан ҳам қабули қонунҳои мазкур ба болоравии сатҳи зиндагии мардум ва пешгирии хароҷоти беҳуда мусоидат намуда, дар ташаккули ҳисси эҳтироми сокинони кишвар, бахусус ҷавонону наврасон нисбат ба расму оинҳои миллӣ нақши муассир гузошт.
То имрӯз дар доираи саъю талошҳои созандаи мардуми кишвар тадбирҳое ба анҷом расидаанд, ки орзуву омоли чандинасраи аҷдоди накӯноми мо ба ҳисоб мерафтанд.
Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони истиқлолият ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи комили ҷомеа мебошад, ки ба шарофати ин неъматҳо пешрафти босуботи кишварамон таъмин мешавад.
Дар фарҷом ба ҳамаи шумо, мардуми сарбаланду заҳматкаш ва меҳмоннавозу соҳибэҳтироми ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, бо итминон изҳор медорам, ки бо шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатии Ватани азизамон, барои ояндаи неки сарзамини аҷдодиамон, ободу пешрафта гардонидани давлатамон ва таъмини зиндагии босаодати халқамон саҳми сазовори худро мегузорем.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!