Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рафти сохтмони биноҳои бисёрошёна дар хиёбони Рӯдакии пойтахт дидан кард. Пеш аз ҳама ду бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ, ки дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қомат афрохтаанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу намои ин биноҳои хушсохт дар маҷмӯъ баҳои баланд дода, ҳамзамон барои боз ҳам зебою дилоро намудани намуди зоҳирии онҳо ба масъулин маслиҳатҳои муфид дод. Ҳамчунин таъкид гардид, ки марказҳои савдою хизматрасонии дар ошёнаҳои аввали биноҳо ҷойгиршуда бояд баланду барҳаво ва зебою дилнишин бошанд.
Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҷмааи биноҳои истиқоматии бисёрошёнаи воқеъ дар рӯ ба рӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, ҳам бо рафти сохтмону ороиши ин биноҳо ва ҳам бо лоиҳаҳои биноҳои сершумори дигар, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаю хиёбонҳои марказии пойтахт сохта хоҳанд шуд, шинос шуд.
Тавре иттилоъ доданд, маҷмааи мазкур аз 4 бинои 12, 14 ва 16-ошёна ва 170 хонаи 2 ва 3-ҳуҷрагӣ иборат буда, бо харҷи 138 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бо тарҳи зебои замонавӣ сохта мешавад.
Дар ошёнаи якум маркази савдою хизматрасонӣ ва дар таҳхона барои 33 мошин таваққуфгоҳ пешбинӣ шудааст.
Дар рафти сохтмони ин маҷмаа 155 нафар бо кори муваққатӣ ва маоши миёнаи 2000 сомонӣ таъмин шудаанд. Оянда дар ин бино барои 80 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.
Дар ошёнаи якуми ин бино лоиҳаҳои зиёди биноҳои бисёрошёна, ки ояндаи наздик сохта мешаванд, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд.
Чунонки аён гардид, аксари ин биноҳо аз 10 то 20-ошёна буда, бо тарҳи хеле зебо сохта мешаванд ва ба симои зоҳирии шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам хоҳанд кард.
Тибқи иттилои роҳбарияти шаҳри Душанбе татбиқи Нақшаи генералии пойтахт дар хиёбони Рӯдакӣ ва дигар кӯчаю хиёбонҳои ташрифотӣ то солҳои 2016-2017 пурра анҷом ёфта, маркази Душанбешаҳр симои комилан наву зебо пайдо мекунад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар ҷараёни лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳо ба сифати лоиҳаҳо ва масолеҳи сохтмонӣ, санъати меъмории миллию ҷаҳонӣ, бунёди зербинои мутаносиб, пайвастан бо шабакаҳои шаҳрии гармидиҳӣ, сарфаю сарфаҷӯии нерӯи барқ ва бунёди мактабу боғчаҳои кӯдакона таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе зиёда аз 400 хонаи аз як то сеҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии беш аз 25 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Яке аз биноҳои нави бо усули манзили дастрас бунёдёфта, дар кӯчаи Беҳзод қарор дорад, ки бо харҷи 19,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта шуда, иборат аз 60 хонаи 2 ва 3 ҳуҷрагӣ мебошад. Дар сохтмони он 267 нафар бо кори муваққатӣ ва маоши миёнаи 1500 сомонӣ таъмин шуда буд.
Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмон ва таҷҳизонидани иншооти маҷмааи тандурустии Пойтахт-90, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ аллакай ба анҷом расидааст ва тибқи нақша ин иншоот бояд то моҳи июли соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Ин маҷмааи муҳташами тандурустӣ дорои 38 бинои аз 1 то 8-ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё хоҳад шуд.
Маҷмаа, аз ҷумла дорои дармонгоҳ, бинои ташхисӣ, бинои маъмурӣ бо толори конфронс барои 200 ҷойи нишаст, биноҳои ҷарроҳӣ барои калонсолон ва кӯдакон, бинои соматикаи кӯдакона, таваллудхона, бунгоҳи ёрии таъҷилӣ бо 6 мошини муҷаҳҳаз хоҳад буд.
Биноҳои табобатии маҷмааи тандурустии Пойтахт-90 дорои 650 кати хоб буда, дармонгоҳи он имкон дорад, ки дар як басти корӣ ба 800 нафар ниёзмандон хизмат расонад. Таваллудхонааш дорои 100 кати хоб аст.
Дар раванди сохтмони ин иншоот 1254 нафар бо кори муваққатӣ ва бо маоши миёнаи 1535 сомонӣ таъмин шуданд.
Дар идомаи шиносоӣ бо ҷараёни босуръати ободонии пойтахт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Комбинати шири шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо навсозӣ ва дубора ба кор даровардани биноҳои бекорхобидаи ин ширкат бевосита шинос шуд.
Тавре иттилоъ доданд, навсозии корхона аз 1-уми майи соли 2014 шуруъ гардида, дар ҷараёни он 3 коргоҳи нав бо 152 ҷойи кори иловагӣ ба кор дароварда шуд. Инҳо коргоҳҳои маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, истеҳсоли панирҳои гуногун ва зарфҳои якбормасрафи пластикӣ мебошанд. Дар ин коргоҳҳо ҳоло 93 намуди маҳсулоти ширӣ ва тамоми намуди зарфҳои пластикии якбормасрафи барои ин маҳсулот зарурӣ истеҳсол карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо кори коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар он 32 намуди маҳсулот ба монанди йогуртҳои ҳархела аз меваҳои тару тозаи ватанӣ, батончики творогии йоднокшуда бо шоколад, творожок, сирок, шир бо шоколад, бо асал ва бо мураббоҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд. Дар як басти корӣ дар ин коргоҳ 5 тонна маҳсулот истеҳсол мешавад, ки тақрибан баробари талаботи якшабонарӯзии шаҳри Душанбе аст. Дар ин коргоҳ 52 нафар коргарон ва мутахассисон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Дар назди ин коргоҳ озмоишгоҳи ҳозиразамон фаъолият мекунад, ки бо дастгоҳи барои таъҷилан муайян намудани ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда ба мисли бруселёз ва сил дар таркиби маҳсулоти ширӣ ҷиҳозонида шудааст.
Дар корхонаи истеҳсоли панирҳо бошад ҳоло 21 намуд маҳсулот, аз ҷумла панирҳои ҳолландӣ, панирҳои мулоим, панирҳои бофтаи кокулшакл, панирҳои тоҷикӣ, панирҳои гудохташуда, ширқиём ва ҳар хел равғани маска ва маргарин истеҳсол карда мешавад. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки оянда истеҳсоли то 300 намуд панирро ба роҳ монанд.
Бори аввал дар ин коргоҳ истеҳсоли маска дар зарфҳои даҳграмма ба роҳ монда шудааст, ки бештар дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва ҳавопаймоҳо ба мизоҷон пешкаш мегардад.
Панирҳои ин коргоҳ бо беҳтарин технологияҳои анъанавӣ ва муосири аврупоию ватанӣ истеҳсол шуда, хеле хушлаззатанд. Баъзе намуди ин панирҳо пас аз пухтан аз 2 то 6 моҳ дар ҳуҷраҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд, то ки бо таъми нотакрор ба мизоҷон пешкаш карда шаванд.
Дар ин коргоҳ бори аввал дар Тоҷикистон истеҳсоли панири хушлаззат аз шири буз ба роҳ монда шудааст, ки ба гуфти роҳбари корхона Наврӯз Комилов бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфтааст.
Дар ин коргоҳ дар як басти корӣ аз зиёда аз 10 тонна шир маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад. Дар ин коргоҳ 50 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд.
Дар коргоҳи истеҳсоли зарфҳои якбормасрафи пластикӣ 32 нафар коргар кор мекунад.
Иқтидори ин корхона дар як баст 100 ҳазор дона зарфҳои пластикии якбормасраф ва 100 ҳазор фолгаи алюминӣ мебошад.
То ин давра корхона зарфҳои пластикиро аз беруни кишвар ворид мекард. Ҳоло танҳо ашёи хоми гранула аз хориҷи кишвар ворид карда мешаваду бас боқӣ тамоми корҳои истеҳсолӣ дар ҳамин коргоҳ ба роҳ монда шудааст.
Ин коргоҳ комбинатро пурра бо зарфҳои худӣ таъмин карда, ҳамзамон метавонад маҳсулоти худро ба дигар корхонаҳои ҷумҳурӣ фурӯшад.
Дастгоҳҳои ин коргоҳ аз Федератсияи Русия, Венгрия ва Олмон харидорӣ шудаанд.
Барои нигоҳдорӣ, назорат ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти зикршуда, 18 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Сохтмону навсозӣ ва бо навтарин техникаю таҷҳизот ҷиҳозонидани 3 коргоҳи нави Корхонаи шири шаҳри Душанбе бо харҷи қариб 21 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.