Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати пирӯзии ҳизбатон ва муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Сарвазири Ҷопон самимона табрик ва таҳният менамоям.
Мо густаришу таҳкими равобит бо Ҷопонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар медонем ва эътиқодмандем, ки равобити васеъ ва мутақобилан судманди ду кишвар ба манфиати халқҳои ҳарду кишвари дӯст, субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои созандаву рушдёбандаи мо дар солҳои охир бо Ҷопон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуну мундариҷаи фарохтар касб менамоянд.
Умедворам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо бо саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳои ду кишвар боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо ҷаноби Сарвазир сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Ҷопон ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам.