Тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расонида шуд.
Барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии қаблӣ буда, бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафт, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба фаъолияти судӣ алоқамандбуда таҳия гардида, дар он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон, тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхисҳои судӣ – ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин самтҳои дигари фаъолиятӣ ҳокимияти судӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ба Барнома нақшаи фаъолият замима гардидааст, ки дар он номгӯи чорабиниҳо, мӯҳлат ва масъули иҷро мушаххас муайян карда шудаанд.
Барномаи мазкур барои таҳкими минбаъдаи адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, тақвияти пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.