Нишасти матбуотӣ

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ  бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорон доир гашт.
Раиси Кумита Асадулло Раҳмон дар оғози нишаст иброз дошт, ки ӯ ҳамроҳи муовинон ва дигар роҳбарони зерсохторҳои Кумита омодаанд, то ба саволҳои рӯзноманигорон посух гӯянд.
Ӯ аз фаъолияти як солаи кормандони Кумита ба таври мухтасар ёдовар шуда, иброз дошт:
«Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар  соли 2014 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, баҳри амалӣ шудани барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар равона гардидааст. Кумита  фаъолияти худро дар асоси «Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2011-2014», Нақшаи кори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ба роҳ монд.
Инъикоси чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ, инчунин маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия, ҷамъомадҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 21-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, 17-солагии Ваҳдати миллӣ, 19-умин солгарди Гвардияи миллӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ, 90-солагии пойтахт, 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи  Парчами миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рўзи Модар, Рўзи Дониш, Рўзи забони давлатӣ, Рўзи милитсия, мулоқоти Сарвари Давлат бо зиёиёни кишвар, соҳибкорон ва сармоягузорон, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ, Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014, анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия, омодагӣ ва тарғиби  маъракаи интихоботи депутатҳои МН МО ҶТ ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дар соли 2015, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, ифтитоҳи даҳҳо  иншоот ва гузоштани санги асоси биноҳои  сершумори  хоҷагии халқи мамлакат дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ сурат гирифт.
Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки аз ҷониби шабакаҳои телевизион ва радиои зертобеъ васеъ инъикос карда шуд, ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. 11 сентябри соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии «Шоми дўстӣ» ва 12 сентябри соли ҷорӣ дар «Кохи Наврўз» ҳамоиши навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки сарони давлатҳои аъзо, кишварҳои нозир ва намояндагони як қатор давлатҳо баргузор гардид, ки аз ҷараёни онҳо гузоришҳои мустақим пахш карда шуданд.
Оид ба таҷлили 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва аҳамияти бадеию тарбиявии ашъори ў шабакаҳои давлатии телевизион ва радио бо иштироки ҷомеашиносону адабиётшиносон омода ва пахш намуданд.
Таъмир намудани бинои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва бунёди студияи замонавӣ, таҷдиди студияи якум боиси руҳбаландии ҳайати эҷодӣ гардида, ба беҳтар шудани мазмуну муҳтавои барномаҳо мусоидат мекунад ва масъулияти кормандонро боз ҳам афзун мегардонад. Албатта, мушкилоти асосии тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои зертобеъ то ҳол пеш аз ҳама нарасидани мутахассисони болаёқат боқӣ мондааст.
Барои дар сатҳи баланди касбӣ таҳия гаштани барномаҳо дар «Телевизиони Сафина» шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст ва кормандони Муассиса кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки намоишу барномаҳоро мувофиқи таъбу завқи бинандаи имрўз таҳия намоянд. Ҳамин аст, ки чанде қабл барномаи «Сиришт» (оид ба ҳаёт ва фаъолияти камонвар Зебунисо Рустамова) дар чорумин Фестивали байналмилалии телевизионии «ТЭФИ-Иттиҳод» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон соҳиби ҷоиза гардид ва ба панҷгонаи беҳтарин барномаҳои ҷашнвора ворид шуд.
Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»  соли 2014 фаъолияти худро асосан ба инъикоси ҷараёни созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии муҳити зист, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МО ҶТ, ҷараёни омодагиҳо ба чорабиниҳои марбут ба ҳамоиши Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-умин солгарди Конститутсияи ҶТ, таҳкими ҳисси худшиносию ватандўстии мардум ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона намуд.
Соли 2014 дар асоси таҳлилу тадқиқи ширкати байналмилалии International Quality Crown ва назарсанҷии Quality Hunters  Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” миёни 118 ширкатҳои дунё ба дарёфти ҷоизаи Business Initiative Directions дар бахши “Сарварӣ”, “Сифат” ва “Авлавият” сазовор гардидааст.
Оид ба касбомўзии наврасону ҷавонон аз Маркази рушди истеъдодҳо дар барномаҳои «Хабар», «Як соат», «Ҳампаҳлу», «Танаффуси калон», «Истеъдод», «Пайроҳа»-и Телевизиони «Баҳористон» гузориш ва сужетҳо пахш гардиданд.
Озмуни телевизионии ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ - 2014», ки соли ҷорӣ панҷсола шуд, бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Дар он 2024 нафар аз тамоми минтақаҳои кишвар маҳорати худро санҷиданд. Дар натиҷаи се даври озмун 9 нафар ба ғолибият мушарраф шуда, 5 нафар ҷиҳати дохил шудан ба Консерваторияи миллии ҶТ имтиёз пайдо карданд.
ҶСК “Телерадиоком” дар соли 2014 фаъолияти худро дар самти амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар ҶТ барои  солҳои 2010 – 2015” идома дод. Аз тарафи Ҷамъият барои пурратар намудани фарогирии аҳолӣ  дар қаламрави ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 26 адад фиристандаҳои радиотелевизионӣ ва як адад фиристандаи радиоии FM насб гардид.
Фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон” ва Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” то 01.01.2015  ҳар кадом 51 фоизро ташкил медиҳанд. То охири соли равон Телевизиони “Бадахшон” низ ба таҷҳизоти  пахши рақамии шаҳри Хоруғ пайваст хоҳад шуд.
То 01.01.2015 фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши аналогии барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон 99,72%, Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” 92,7%, Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон” 88,99% ва Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” 78,96%  мебошад.
То ин муддат фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавҷи ҒМ барномаҳои давлатии шабакаҳои Радиои “Тоҷикистон” 85,3%, “Овози тоҷик” 55,13%, “Садои Душанбе” 63,45%, “Фарҳанг” 59% мебошад.
Дар ин давра бо мақсади дастгирии ҷавонони завқманд Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардорӣ, таҳия ва танзими филмҳои кўтоҳи «Қатора», «Ломакон», «Гунҷишки сафед», филми ҳунарии «Муаллим», инчунин дар ҳамкорӣ бо Ширкати ватании «Суҳайл синамо» силсилафилми ҳунарии «Як ҷаҳон аз ману ту»-ро (иборат аз 9 қисм) ба анҷом расонид.
Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино” тибқи нақша дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва Рўдакӣ санҷишҳо гузаронид. Дар натиҷа якчанд студияҳои ғайриқонуние, ки ба истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ машғул буданд, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. 110180 адад фиттаю филмҳои пастсифати ғайриқонунӣ дар вақти санҷиш мусодира гардида, дар дастгоҳ бо тариқи реза кардан  нобуд карда шуданд.
Мутобиқи меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти  субъектҳои хоҷагидор» ва Нақшаи кории Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ дар соли 2014 фаъолияти 36  ташкилоти телевизиону радиои давлатию хусусӣ дар мамлакат мавриди санҷиш қарор гирифт.
Дар давраи ҳисоботӣ суруду оҳангҳои ҳунармандони дастаҳои ҳунарии «Дарё», «Шашмақом», «Фалак» ва «Ориё», инчунин ҳунари раққосаҳои ансамбли “Гулрез”-и Кумита  тариқи радиову телевизион ва толорҳои консертӣ пешкаши ҳаводорони санъат гардиданд. Ҳамаи ансамблҳои дастаҳои ҳунарӣ дар барномаҳои ҷашни байналмилалии Наврўз,  Рўзи «Шашмақом», 20-солагии Қўшунҳои сарҳадӣ, 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар барномаи фарҳангии «Шоми дўстӣ» бахшида ба Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ин давра Кумита Ёддошти тафоҳум миёни Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Созишнома байни Ширкати миллии давлатии телерадиошунавонии Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонид.
Раёсати Иттиҳодияи иттифоқи касабаи кормандони Кумита дар ин давра ҷиҳати истироҳату фароғати кормандон ба 55 нафар ба истироҳатгоҳҳои «Баҳористон», «Ҳоҷаобигарм», «Зумрад» ва «Шоҳамбарӣ» роҳхат дод.
Дар давраи ҳисоботӣ панҷ нафар кормандони Кумита бо мукофотҳои давлатӣ 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо медали Хизмати шоиста ва як нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар ин давра бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ ва идҳои касбӣ 89 нафар бо нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» ва 138 нафар бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар ин муддат дар 7 идораи зерсохтор аттестатсия гузаронида шуд. Тибқи аттестатсияи мазкур бинобар ба вазифаҳои ишғолнамуда номувофиқ будан 29 нафар аз кор озод гардида, 21 нафар ба вазифаҳои паст ва 18 нафар ба вазифаҳои баланд гузаронида шуданд. Ба 41 нафар барои ислоҳи камбудиҳо дар адои вазифаҳои хизматӣ муҳлати муайяни санҷишӣ дода шуд.
Кумита дар фаъолияти минбаъдааш камбудиҳои ҷузъиро бартараф намуда, кори худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, бо риояи тавозуни барномаҳо дар шабакаҳои давлатии  телевизион ва Радиои Тоҷикистон намоишу гуфторҳои наву ҷолиб пешниҳод  менамояд”.

Ҳамин тариқ, роҳбарияти Кумита дар нишасти матбуотии имрӯза ба саволҳои рӯзноманигорону хабарнигорон посух гуфтанд.