Интихоби барномаҳо

Бо арзи салом ва самимият ба тамошобинони азиз!
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои баланд бардоштани муҳтаво, сифат ва ҷолибияти барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ назарсанҷӣ гузаронад.
Шумо фурсати интихоби барномаҳои писандидаи худ ва дар айни замон барномаҳоеро, ки мавриди қабули Шумо нестанд, доред.
Барои иштирок дар назарсанҷӣ Шумо бояд файли дар зер гузоштаро захира намуда, номгӯи барномаҳои шабакаҳои телевизиониеро, ки мавриди писанди Шумост, номбар намоед.
Ва барномаҳои шабакаҳои телевизионие, ки мавриди писанди Шумо нест, номбар намоед.  
Баъдан, ҷавоби худро метавонед ба почтаи электронии info@ktr.tj  фиристед.