Маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

19.05.2014. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳи ин намоишгоҳи бошукӯҳро ба ҳозирин ва кулли мардуми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ табрику таҳният гуфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии “Дӯсти рассомони ҷаҳон” сарфароз гардонда шуд.
Ба ғолибони озмуни рассомони беҳтарини кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу ҷоизаҳо супурда шуд.  
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи беҳтарин мусаввараҳои рассомони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро тамошо карданд.
Тавре маълум шуд, дар ин ҷо мусаввараҳои рассомони тоҷик низ ба маъраз гузошта шудаанд.

www.president.tj