««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар ноҳияи Синои пойтахт 24 нафар ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт

Дар  муассисаи таълимии №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва ҳавасмандгардонии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ғолиб баромаданд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо ситинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Дар озмуни мазкур дар маҷмуъ 279 нафар довталабон иштирок доштанд, ки дар натиҷа тибқи талаботи Низомнома 24 нафар ғолиб баромада, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.

Корвони иттилоотии рӯзноманигорон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» ва дастовардҳои шаҳри Роғуну ноҳияи Нуробод шинос гардид

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ гурӯҳи рӯзноманигорони мамлакат  бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод сафар намуданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД  хабар медиҳад.

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хэ Лифэн

22 август дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва имконияти баррасии масоили ҳамкории байнидавлатӣ  изҳори сипоси самимӣ намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузоштанд

21 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг  ва қаҳрамонони мардуми Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Страницы