Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Нашр шуд. Пан, 29/02/2024 - 23:0529 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар оғози маҷлис масъалаҳои кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони 6 институти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардиданд.