Иштироки Пешвои миллат дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

Модар ҷашнат муборак!

«Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад… Зан – модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад».
Пешвои миллат
Занону модарони азизро бо Рӯзи модар табрику таҳният намуда, барояшон рӯзгори нек, саодатмандӣ, сарбаландӣ ва тамоми

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи модар

Модарон ва хоҳарони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Страницы