Ифтитоҳи хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб

Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомали Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои замонавии хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти нав барои 400 нафар курсант пешбинӣ шудааст. Барои бунёди бинои хобгоҳ ва таъмиру таҷдиди коллеҷи милитсия дар маҷмӯъ 5 миллиону 620 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст

Гузоштани санги асос ба сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ

Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ санги асос гузошт.
Тибқи лоиҳа хобгоҳи мазкур аз 5 ошёна иборат буда, бояд барои 458 нафар сохта мешуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки барои пурра таъмин кардани донишҷӯён бо хобгоҳ боз 2 ошёнаи дигар илова карда шуда, шумораи хонаҳо ба 700 адад

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб

Варзишгарон ва ҷавонони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Варзиш дар ҳама давру замон, бахусус дар шароити мураккабу пуртазоди ҷаҳони имрӯза ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳимми таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим эътироф гардидааст.
Аз ин рӯ, мо дар сиёсати худ варзишро ҳамчун рукни муҳимми солимии ҷомеа қабул намуда

Страницы