Иди саиди Фитр муборак

Иди саиди Фитр муборак
Моҳи шарифи Рамазон моҳи муборак, саховат, ҷавонмардӣ ва сабру таҳаммул буда, дар сохтани шахсият мактабест бузург.
Ҳамватанони азиз, фарорасии иди саиди Фитрро ба ҳамаи Шумо ва кулли мусулмонони дунё табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати беҳисобро орзу менамоям.
Иди саиди фитр муборак, ҳамватанони азиз!
 

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди саиди фитр

Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи рамазон, ки моҳи кушоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат ба ҳисоб меравад, бо шукри осоишу осудагӣ сипарӣ гардид ва фардо Иди саиди фитр фаро мерасад.
Фарорасии ин иди саидро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли мусулмонони дунё табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати бешумор орзу менамоям

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба кулли сокинони сарбаланди шаҳри Роғун барои истиқболи гарму самимӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, барои амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои созандаашон дар ҷодаи ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи зебои диёрамон барори кор орзумандам.
Инчунин, ҳамаи устодону шогирдон ва падару модарони азизро ба муносибати оғози фаъолияти

Страницы