«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имсол дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд

Бори аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд. Ин тағйирот имсол ба Низомномаи озмун ворид гардидааст. Дар ин ду номина низ мисли дигар номинаҳои озмун иштирокчиён аз рӯи синну сол, яъне аз аз 12 то 17-сола ва  аз 18 то 40-сола иштирок карда метавонанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.

Ба гуфти мавсуф, бо пешниҳоди устоди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони мамлакат ин ду номина ба озмун ворид карда шуданд. Ҳадаф аз пешниҳод гардидани ин номинаҳо- дарёфти беҳтарин рассомон ва дизайнерон, тарғиби ин навъи санъат байни қишрҳои ҷомеа мебошад.

ФАВРӢ! Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд

Субҳи имрӯз пас аз бартараф кардани пайомадҳои тарма роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барои нақлиёти сабукрав кушода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Ҳаракати нақлиёти сабукрав аз Душанбе ба самти Хуҷанд оғоз гардида, минбаъд гузариши нақлиёт аз ду ҷониб иҷозат дода мешавад», — тазаккур доданд дар филиали ширкат.

Ҳамчунин филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки зимни сафар тавассути роҳи мазкур эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шоҳҷоиза барои ғолибон дар ҳар гурӯҳи ин озмуни ҷумҳуриявӣ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии  ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз рӯйи чор гурӯҳ ва як номина соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 25 ҳазор сомонӣ то 50 ҳазор  сомонӣ мешаванд. Шоҳҷоиза барои ғолиб дар ҳар гурӯҳ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2023  даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»  дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023

02.02.2023 09:05, шаҳри Душанбе

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Страницы