Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд

11 октябр дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои музокирот ба тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда, барои баҳрабардорӣ аз имконияти истифоданашудаи он табодули андеша намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд дар барномаи бошукуҳи идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарини

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд!

Тамоми сокинони заҳматқарини шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳамаи шумо – ҳозирини чорабинии идонаи имрӯзаро бори дигар ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок карданд

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Страницы