Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқоти самимӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД баргузор мегардад

Имрӯз, 16 сентябр дар Қасри миллат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Мулоқот бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо Сафири фавқуллода ва мухтори Шоҳигарии  Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии  Арабистони Саудӣ дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ шуд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ёдовар шуда, истифодаи нопурраи имконоти мавҷуда дар ин самт таъкид карда шуд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони раис, кормандони масъули дастгоҳ ва сохторҳои кумита иштирок намуданд. Нахуст Раиси Кумита ҳозирин ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаро бо ҷашни фархундаи 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои масъулияти муҳимашон устуворӣ, садоқатмандӣ ва комёбӣ таманно кард.

Страницы