ТВ Баҳористон

Ҷамъбасти даври ниҳоии «Овози тиллоӣ- 2014»

Лоиҳаи озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ- 2014», ки тӯли 6- моҳ бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон– Баҳористон»миёни наврасону ҷавонони аз синни 10 то 20 сола ҷараён дошт, санаи 19- уми июли соли 2014 бо муваффақият ҷамъбаст гардид. Маросими бо тантанаи супоридани ҷоиза ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони озмун дар Кохи

Овози тиллоӣ

«Овози тиллоӣ» аз зумраи лоиҳаҳои бузурги Шабакаи телевизионии «Баҳористон» маҳсуб мешавад, ки бо ташаббуси раёсати телевизион ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои наврас дар ҳунари овозхонӣ ва фароҳам овардани шароиту имконот барои ҷавонони болаёқат ҷиҳати намоиши маҳорати худ мебошад.

Телевизиони «Бахористон»

Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006, таҳти №350 таъсис дода шуд. Нахустин маротиба санаи 4 - уми сентябри соли 2006 барномаҳои худро пахш кард.