Тоҷикфилм

Филми "Марзбони Ватан"

Дар Киностудияи давлатии «Точикфилм» бахшидаба 20-солагии қушунҳои сарҳадӣ,  наворбардории филми мустанади «Марзбони Ватан»дар таҳия ва танзими Т. Раҳматуллоев ва Г. Элбаум ба анҷом расида, манзури бинандагон гашт.
Қобили зикр аст, ки филм бо супориши қушунҳои сарҳадии

Филмҳои ҷадиди Тоҷикфилм

Имрӯзҳо дар Каностудяи давлатии Тоҷикфилм наворбардории чанд филми ҳунарӣ шурӯъ гардидааст. Аз он ҷумла, филми ҳунарии «Муаллим» дар режиссиёрии Н.Саидов, дар Зиддӣ ба навор гирифта мешавад.
Филми дигар бо номи «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф», ки дар деҳаи Вешабини ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ мегардад. Режиссиёрии  филми мазкур Б. Сайфиддинов  ба ӯҳда дорад.
Наворгирии силсилафилми ҳунарии «Як ҷаҳон аз ману ту» дар режиссиёрии М. Сатторӣ ба пуррагӣ анҷом гирифт, ки рӯзҳои наздик манзури тамошобинон хоҳад гардид.

КД “Тоҷикфилм”

Таърихи кинои тоҷик хело бою рангин мебошад ва ҳаёти дирӯзаю имрӯзаи Тоҷикистони азиз ба он сахт иртибот дорад. Кинои тоҷик аз рӯзҳои  аввали  таъсисёбиаш,  чун як падидаи инқилобӣ, мардуми зери  ҷаҳолату ҳуруфотмондаро аз асорати тафаккури  асримиёнаӣ раҳо кард ва инсонро ба асри  пирӯзии хирад,  табадулот, корҳои  созандагӣ ва  амалҳои накӯ ҳидоят сохт.