Дастаҳои ҳунарӣ

Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ

Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ яке аз зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вазифаи маъмурият тибқи низомнома ба қарори зайл аст:
1.    Ташкили кори гурӯҳҳои ҳунармандонро баробар тақсим намуда, аз рӯйи нақша ва иҷрои кори гурӯҳҳо назорат мебарад.
2.    Тартибу низоми кориро мустаҳкам намуда, аз вақт ва соатҳои корӣ назорат мебарад.
3.    Шароити хуби кори фароҳам оварда, дархосту хоҳиши ҳунармандонро дар назар мегирад.

Ансамбли рақсии «Гулрез»

Ансамбли рақсии «Гулрез»  моҳи ноябри соли 2000 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Нахуст роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбл ҳунарпешаи халқии Қароқалпоқистон Ҷамила Охунова (солҳои 2000 – 2003) буд. Аъзоёни ансамбл аз ҳисоби хонандагони иснфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки бо тариқи озмун қабл шуда буданд, иборат буд.

Махфират Ҳамроқулова – ситораи эстрадаи Шӯравӣ, Тоҷикистон ва Амрико

«Махфират Ҳамроқулова – ситораи эстрадаи Шӯравӣ, Тоҷикистон ва Амрико» -чунин ном ниҳодааст гузориши худро хабарнигори рӯзномаи «Комсомольская правда» (Русия) Алексей Осипов дар шаҳри Ню-Йорки Амрико. Сабти аудиоии сӯҳбати ин хабарнигорро, ки дар барномаи радиоии ӯ дар Нью-Йорк бо номи «Аз забони ситораҳо» садо додаст, дар сомонаи интернетии  Samaratoday.TV  метавонед истимоъ намоед.

Ансамбли эстрадии «Ориё»

Ансамбли эстрадии «Ориё» мусиқии эстрадии тоҷикро муаррифӣ намуда, барои тараннум ва васфи эстрадаи тоҷик соли 2008 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли эстрадии «Ориё» ташкил гардид.
Аз замони таъсисёбии ансамбл ҳунармандони зер роҳбари бадеии онро ба зимма доштанд:
Зикрулло Ҳакимов аз соли 2008 то моҳи апрели соли 2009;
Неъматов Баҳодур аз моҳи апрели соли 2009 то соли 2010;

Страницы