Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд.

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.11.2023. Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва роҳбарони сохторҳои Кумита ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд. Нахуст муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, суханро ба директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дод, ки ҳамчунин ба чорабинӣ ба сифати мутахассиси масоили ҳуқушиносӣ даъват шуда буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳраки Ғафуров дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.

Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. 15 ноябр маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ баргузор мешавад.

Страницы