Ахбор

Дар Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» доир гардид

29 октябр дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон ва меҳмонону иштирокчиён маросими ҷамъбасти Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қасим-Жомарт Кемелевич,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари садама дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем.

НАХУСТИН ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Он насиби омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Ҷаҳонгир Дадаҷонов гардид

Омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» соҳиби Шоҳҷоиза гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҷаҳонгир Дадаҷонов  иброз дошт, ки «бароям...

Страницы