Ахбор

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо лоиҳаи сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ шинос гардиданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагии сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Саъдуллоев Шамсулло ва бародарон Саъдуллоевҳо шинос шуданд.

Аз ҷониби соҳибкорон танҳо дар деҳоти Шаҳдбор 1 километр роҳи мошингард бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шуда, бунёди маркази ҳунаромӯзӣ барои занону духтарони шаҳри Ваҳдат идома дорад.

Роҳи мазкур чароғон карда шудааст ва минбаъд барои рафтуомади бемонеи сокинону нақлиёт хизмат мерасонад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ шинос шуданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар гурўҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар саҳни ҳавлӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилиро дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдат ифтитоҳ намуданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдатро  мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ифтитоҳ намуданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 ба номи Исматулло Ҳикматуллоевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти

Страницы