Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо дар ибтидои суҳбат Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии дар Федератсияи Русия доиргардида сидқан табрик гуфтанд.

Президенти Тоҷикистон ба Владимир Путин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои нави рӯзафзун дар роҳи рушди босубот ва шукуфоии Русияи дӯст орзу намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои тиҷоративу иқтисодии муносибатҳои ду кишвар табодули афкор намуданд.

Пешвои миллат ба Президенти Федератсияи Русия дар иртибот ба пирӯзиаш дар интихобот, инчунин, барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, рӯзномаҳои давлатӣ ва  маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон  менамояд.

ДУШАНБЕ БА ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ САБЗТАРИНИ МИНТАҚА ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАД. Бардошт аз конфронси илмӣ-амалӣ дар пойтахти мамлакат

То соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он –шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил дода мешавад. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конфронс бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар иртибот ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, 22 март- Рӯзи ҷаҳонии об ва соли 2024- Соли маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин идомаи ҷонибдории иқдоми байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлим ва ташвиқу тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон гузаронида шуд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ НАВРӮЗ. Наврӯз чун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд

Наврӯз ҷашни миллию мардумӣ ва таърихии мо аст, ки онро бо номи шоҳи Пешдодӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва тибқи маълумот, ин ҷашн дар рӯзгори шоҳаншаҳии ӯ оғоз гардидааст. Мутмаин ҳастам, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бистуяк ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст. Бинобар ин, Пешвои миллати моро метавон Пешвои миллати Наврӯз ном бурд.

Чунин нигоштааст академик Фарҳод Раҳимӣ дар мақолааш бахшида ба ин ҷашни миллии тоҷикон. 

Страницы