Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд

Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад

Имрӯз, 14 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Барои иштирок дар вохӯрӣ ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Президентони Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон ...

Дар Душанбе Форуми роҳбарони ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Форуми роҳбарони ҷавонони Осиёи Марказӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

 Мақсад аз баргузории форум мубодилаи масъалаҳои ҷавонон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон дар сатҳи минтақавӣ ва таъмин намудани воситаҳои...

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафар ба Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз, 14 сентябр, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Страницы