Ахбор

Мулоқот бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Макразӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили...

Иштирок дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти...

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Раиси Маҷмаи Умумии СММ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023

Муҳтарам Раис,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Бо камоли майл аз баргузории ҷаласаи имрӯза истиқбол менамоям ва онро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид иқдоми саривақтӣ медонам.  

Ба Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Чаба Короши барои ташкили ин чорабинии муҳим ва ба ҳамаи ҳозирин барои иштирок дар он сипоси худро  иброз менамоям.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҷаҳони имрӯза зери таъсири таҳдиду хатарҳо ва таҳавуллоти амиқ қарор дорад.

Бинобар тағйирёбии иқлим имсол мо шоҳиди зуҳуроти бесобиқаи офатҳои табиӣ гардидем.

Аврупоро гармии шадид фаро гирифт, ки ин боиси сӯхтори бешазорҳо, хушкшавии дарёҳо ва норасоии об гардид.

Страницы