Ахбор

Ба истифода додани коргоҳҳои истеҳсолии ҶДММ “Нурсоз” дар шаҳри Норак

24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳҳои истеҳсолии варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нурсоз”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, “Солҳои рушди саноат” солҳои 2022 - 2026 ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ, бародарон Табаровҳо бунёд гардидааст.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак

24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Норак” дар саҳни ҳавлии неругоҳ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ба кор андохтани агрегати якум ва ба ифтихори 50-солагии оғози фаъолияти ин неругоҳи азими кишвар табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии “Норак” то имрӯз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррификунандаи иқтидорҳои азими гидроэнергетикии кишвари азизамон ба шумор меравад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро ба истифода дода, бо корҳои таҷдиду навсозии иншоот шинос шуданд

24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дода, бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос шуданд.

Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардидааст.

Иштирок дар Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон”

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” иштирок ва суханронӣ карданд.

Страницы