БАХШИДА БА ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ. Президенти Тоҷикистон то моҳи августи соли равон 400 маротиба сафари хориҷӣ анҷом додаанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то моҳи августи соли 2022 400 маротиба ба хориҷи кишвар сафар намудаанд. Сарвари давлат, аз ҷумла 68 маротиба ба Россия, 18 маротиба ба Чин, 17 маротиба ба Амрико, 11 маротиба ба Эрон ва ба кишварҳои гуногуни сайёра баҳри рушди ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба сафарҳои дигар анҷом додаанд. Харитаи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш бароварда шудааст, далели ин гуфтаҳост. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Харитаи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1992-2022 ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» омода ва ба намоиш бароварда шудааст.

Харита шакли чоркунҷа дошта, ҳаҷмаш 150 х 130 см мебошад. Харитаи мазкур доир ба сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-2022 маълумоти фаровонро дар бар гирифта, дар манзари харитаи ҷаҳон бо тасвири аломатҳои муосири харитасозӣ ва феҳрист доир ба таърихи рӯз, шаҳр, давлат ва мақсади сафари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинанда маълумот медиҳад.

Ин харита дар толори «Истиқлоли давлатӣ» ва гӯшаи Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ манзури тамошобинон гардидааст. Инчунин дар ин гӯша аксҳои Сарвари давлат бо президентони дигар кишварҳо низ ҷой дода шудаанд.

Сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ Фирдавси Абдулҳамид дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар қисмати поёни харита ҷадвале мавҷуд аст, ки он сол, кишварҳо, шаҳрҳо ва ҳадафи сафарҳои хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр шудаанд. Дар харита инчунин тамоми унсурҳои харитасозии муосир ба инобат гирифта шуда, маълумот возеҳу равшан пешниҳоди

тамошобинони Осорхона гардонида шудааст.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷиро барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»