Имрӯз сарони давлатҳои СААД вориди Душанбе мешаванд

Нимаи якуми рӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.
Интизор меравад, ки пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷараён мегирад, 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.
Муҳимтарин санад Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки муносиботи ду кишварро ба сатҳи сифатан баланд хоҳад баровард.
5 санади дигар доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, ҳимояи техникии иттилот, муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқишаҳрвандони ҳамдигар ва  Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2016-2017 мебошанд. 
Нимаи дуюми рӯз ташрифи сарони дигар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, барои иштирок дар ин ҳамоиш, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз меёбад.
Дар назар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар яке аз сарони давлатҳо мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом диҳад.
Хотиррасон менамоем, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш ғайр Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо сафарӣ низ ташриф овардааст, сарони давлатҳои Арманистон Серж Саргисян, Белорус Александр Лукашенко, Федератсияи Русия Владимир Путин ва Қирғизистон Алмазбек Атамбоев вориди шаҳри Душанбе мешаванд.