Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин ҳозиринро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати тоҷик яке аз рўйдодҳои муҳиму таърихӣ маҳсуб ёфта, бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ дар ҳаёти нави сиёсии кишвар таҳаввулоти бунёдӣ рух дод.

Таъкид шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан падидаи муҳимтарини таърихи навини кишвар аст. Зеро он боиси гирифтани пеши роҳи нобудшавии ҷумҳурӣ, оғози ба эътидол овардани раванди сиёсӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи стратегии мамлакат шуд.

Маҳз Иҷлосияи 16-ум ва қонуну қарорҳои дар ин иҷлосия қабулгардида ба бунёди давлатдории навин, аз ҷумла қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ва баъдан такмили сохтори Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт.

Зикр гардид, ки бо гузашти солҳо аз он рўз равшантар аён мегардад, ки Иҷлосия дар таърихи навини миллати мо чи рисолати бузургеро анҷом додааст. Дар ин анҷуман вакилон роҳбарии мамлакатро ба дасти шахсияте супурданд, ки миллатро аз ноумедӣ ва мамлакатро аз парокандагӣ ноҷот доданд ва масироеро оғоз намуданд, ки Тоҷикистонро на танҳо ба як мамлакати пешрафтафта табдил дод, балки дар арсаи олам нуфузу эътиборашро баланд бардошт. Ба шарофати Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба хиради азалӣ, бо дарки томи масъулияти ватандорию хештаншиносӣ мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳон устувор намуд.

Дар мавриди таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми раиси Кумита изҳор дошт, ки Рўзи Президент на ҳамчун мавҷудияти мансаби олии давлатӣ дар мамлакат, балки, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи таърихи навини миллати мо аст, ки бо меҳнату заҳматҳои шабонарўзӣ моҳияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ин мансаби давлатиро кушода доданд. Қадру манзалати ин мансаб аз сидқан дўст доштани Ватану миллат, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳо ба хотири рушду таҳкими давлат ва миллат мебошад, ки ин амалҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардиданд.

Зимни баромад ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдухалил Ғафурзода аз саҳми шоёни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инъикоси дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолӣ, тарғиби ғояҳои давлатдорӣ ёдовар шуда, доир ба моҳияти иҷлосияи тақдирсоз дар бунёди давлатдории миллӣ, заминаҳои ҳуқуқии таҷлили Рӯзи Президент маърӯза кард. Таъкид шуд, ки маҳз дар ҳамин рўзи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганди садоқат ёд карданд. Дар ҳамон сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул шуд ва шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Маҳз ба ин фарзанди фарзонаю бонангуори тоҷик муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода бурда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад.

Бояд гуфт, ки фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрўз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ пайдо кардааст.

Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар бузургдошти Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беихтиёр симои таърихӣ ва шахсияти барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ў дар роҳи наҷоти давлату миллати тоҷик пеши назар меояд.

Чорабиниҳо бахшида ба ин санаи таърихӣ дар дигар сохторҳои Кумита низ баргузор мегарданд.