Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи ниҳоии «Ояндаи тағйирёбанда барои амнияти обӣ» дар Африқои Ҷанубӣ иштирок намуд

Чанде қабл дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ конференсияи ниҳоии «Ояндаи тағйирёбанда барои амнияти обӣ» (TFWS) доир гардид, ки дар он намояндаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Яраш Пулатов дар он иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Конфронси мазкур 185 нафар иштирокчиёнро аз минтақаҳои гуногун ва гурӯҳҳои манфиатдор ҷамъ оварда, он аз тарафи Институти байналхалқии идоракунии об (IWMI), Ширкати машваратӣ оид ба тадқиқоти байналмилалии кишоварзӣ (CGIAR) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ташкил шудааст.

Ҳадафи асосии конференсияи мазкур амалҳо оид ба амнияти обӣ, ҷалби эътилофҳо ва «иттифоқҳои мақсаднок» — пешбурди амалҳои TFWS дар пешорӯи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи марти соли 2023 ва суръат бахшидан ба татбиқи онҳо мебошад.

Натиҷаҳои конфронс дар Ню-Йорк барои нишон додани уҳдадорӣ ба амалҳо оид ба афзалиятнокии амнияти обӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 пешкаш карда шуданд.