Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи хосса ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзои СААД аст

Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як зумра тадбирҳо оид ба мукаммал намудани фаъолият дар доираи СААД ба нақша гирифта шудаанд. Бахусус, инҳо тақвияти омодагии ҷангӣ ва таъминоти моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳои зудамали онҳо, бо ин мақсад гузаронидани омӯзишҳо ва машқҳои муштарак, ба роҳ мондани табодули иттилооти доимӣ ва маҷмӯи иқдомҳои дигар оид ба таҳкими созмон мебошанд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи хосса ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзо ва густариши ҳамкорӣ миёни корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти ҳарбӣ аст. Ба назари мо, зарур аст, ки СААД бо Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ҳадафҳои ҳамсон доранд, робитаро густариш бахшад, ки ин ба ҳамоҳангӣ ва мувофиқаҳое, ки дар сатҳҳои гуногуни кӯшишҳои амниятӣ андешида мешаванд, мусоидат мекунад», - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд, ки зарур аст минбаъд низ  имкониятҳоро таҳким бахшида, низоми оинномавӣ ва кории созмонро мукаммал созем, то онҳо дар ҳар лаҳза омодаи истифодаи тамоми таҷҳизот дар ҳолати зарурӣ бошанд.
«Ҳуҷҷатҳои барои имзо омоданамудаи коршиносони мо ба ҳалли ин ва дигар ҳадафҳо равона шудаанд, ки онҳоро мо ҷонибдорӣ мекунем», - зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.