Шарҳи заминларза

23-юми марти соли 2023 соати 1:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад.

Маркази ҷунбиши қишри замин 132-километрии қисми шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 50- километрии қисми шимолу ғарбии минтақаи Рашт ва 96- километрии шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздикии деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ умқи 11-километр ба қайд гирифта шудааст.

Қуваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.

Маротибаи дуюм соати 07:53 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба амал омад, ки қувваи он 4,8 баллро талшкил намуд.

Маркази ҷунибиши қишри замин 6-7 километрии  деҳаи  Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40-километр бо қувваи 4 бал, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.

Бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода коммисияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми хисороти заминларза муайян карда мешавад.

Дар робита ба ин аз ҳамватанон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳаргуна овозаҳои беасоси аз ҷониби шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳншаванда бовар накунанд ва ба хабарҳои расмӣ эътимод намоянд.