Ҷашни озодиву истиқлол муборак

«Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳамин дастоварди бузург дар тӯли таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд.
Мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта бистуду сол қабл ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем».
Эмомалӣ Раҳмон
Фаро расидани Рӯзи истиқлоли миллиро барои ҳамватанон ва миллати бузурги тоҷик табрик ва таҳният гуфта, барояшон умри нек, зиндагии обод, сарбаландӣ ва пирӯзиҳои беназирро таманно дорем.
Бигзор, парчами озодӣ бар фазои Ватани аҷдодии мо ҳамеша парафшон бошад!
Ҷашни озодиву истиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио