ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАРОТИБАҲОИ ЗИЁД ТАЪКИД НАМУДААНД. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки обшавии пиряхҳо ба ҳаёти миллионҳо нафар таҳдид мекунад
Нашр шуд. Сеш, 14/02/2023 - 17:53Таҳқиқот нишон медиҳад, ки обшавии пиряхҳо ҳаёти миллионҳо одамонро зери хатар мегузорад, аммо на ҳамеша дар он ҷойҳое, ки қаблан тахмин мерафт. Пиряхҳо «дарёҳои ях» мебошанд, ки дар тӯли миллионҳо сол аз барфи фишурда ба вуҷуд омадаанд. Онҳо хеле оҳиста аз водиҳо ҷорӣ мешаванд ва баъзан онҳо чунон калон мешаванд, ки ба яхбандиҳои воқеӣ, ки ба баҳр мераванд, мубаддал мегарданд, менависад Science Alert. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ хабар медиҳад.
Маълум аст, ки гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии ҳарорати сайёра бар зарари пиряхҳост — дар натиҷа имрӯз онҳо назар ба интизории олимон зудтар об мешаванд. Пешгӯӣ шудааст, ки то охири аср тақрибан нисфе аз 215 ҳазор пирях дар рӯи Замин нест хоҳанд шуд.