14 ФЕВРАЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Тақдими китоби «Тоҷикон» ба аҳолии Тоҷикистон туҳфаи арзишманду таърихӣ маҳсуб мешавад
Нашр шуд. Сеш, 14/02/2023 - 13:46Ҳамасола 14 феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегардад. Дар оммавигардонии рӯзи тақдими китоб кормандони китобхонаҳо, нашриётҳо ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон фаъол мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳила ба марҳила аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа карда шуд.