Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон
Нашр шуд. Шан, 25/06/2016 - 15:06Муҳтарам намояндагони мардуми ноҳияи Рӯшон!
Ҳозирини арҷманд!
Нахуст аз ҳама, кулли сокинони ватандӯсти ноҳияи Рӯшон ва шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки баъди ду рӯз таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Ноҳияи Рӯшон яке аз мавзеъҳои таърихии кишварамон ба ҳисоб рафта, сокинони он дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун одамони ростқавлу ҳимматбаланд ва озодманишу ботамкин ёдовар шудаанд.
Рӯшон дар навишта