Кинофестивали байналмилалии «Дидор»
Нашр шуд. Ҷум, 21/10/2016 - 18:25Аз байни 22 филми баланди достонӣ доварони байналмилалӣ филми коргардони Афғонистон Ҷамшед Маҳмудӣ «Чанд метри мукааб ишқ»-ро сазовор ба Шоҳҷоизаи кинофестивали байналмилалии «Дидор» эълон карданд.
Маросими супоридани Шоҳҷоиза ва анҷоми расмии Кинофестивали VII байналмилалии «Дидор» шоми дирӯз дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.