Суханронӣ дар маросими гузоштани санги асоси бунёди боғи фарҳангӣ ва варзишгоҳ дар шаҳри Ваҳдат
Нашр шуд. Пан, 28/08/2014 - 09:56Ҳамватанони азиз!
Дар кишвари маҳбуби мо падидаи неке ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат, инчунин бо ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорони эҳсонкору ободгар ва дигар фарзандони ватанпарасту бонангу номуси диёрамон ба хотири истиқболи сазовори ҷашнҳои милливу давлатӣ ва санаҳои муҳимми таърихӣ дар баробари амалҳои хайр, инчунин даҳҳо иншооти хурду бузург бунёду навсозӣ