Мулоқот бо Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев
Нашр шуд. Пан, 11/09/2014 - 21:07Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Мо бовар дорем, ки муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ чун намунаи ибратбахши таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ боқӣ монда, ба манфиатҳои аслии кишварҳои мо ва